Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Январь 18, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 18.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 январ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштирок ва дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади  нави ҳамкорӣ табодул карда шуд.

Ёддошти тафоҳум байни Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон барои табодули таҷриба ва ҳамкорӣ дар самти интиқоли хун ба имзо расонида шуд.

Тавре муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон Азимиддин Қутбиддинов иброз намуд, «Марказ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти истифодаи хун ҳамкорӣ менамояд. Бо имзои ин санад дар оянда баргузории даврҳои омӯзишӣ дар ду давлат ва истифода аз таҷрибаи Созмони интиқоли хуни Эрон дар Тоҷикистон ҳамкорӣ бештар мегардад.

Соли 2024 марказ барои нигоҳдории хун таҷҳизоти навтарин дастрас намуд, ки тавассути он сатҳи захираи хун дар ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Дар доираи ин санади ҳамкорӣ мо нақша дорем, ки мутахассисони марказро ба Эрон барои табодули таҷриба дар самти нигоҳдорӣ ва захираи хун равон намоем».

Ҳамчунин дар доираи ин санад Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон нақша доранд, ки  барои таъмини бехатарии хун, хароҷоти сарфа барои захираи хун, ҷалби васеи аҳолӣ барои донорӣ ва интиқоли хун бештар ҳамкорӣ намоянд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 18, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд