Мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҷони нафарони зиёдро наҷот додааст
ДУШАНБЕ, 08.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 январ дар километри 127-уми роҳи Душанбе-Чанок (ҳудуди ноҳияи Айнӣ) ду мошини боркаш ба ҳам бархӯрд. Мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ сабаб гардид, ки ба дарё афтодани мошинҳо ва ҳалок шудани ронандагону мусофирон пешгирӣ гардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Деворҳои ҳимоявӣ, ки бо ибтикори филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар шоҳроҳи Душанбе – Чанок бунёд шуда, дарозиашон дар айни замон ба зиёда 16000 метр мерасад, аллакай нафарони зиёдеро аз марг наҷот додаанд.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодисаи ягона набуда, давоми фаъолият 15 ҳодисаи ба деворҳо бархӯрдани воситаҳои нақлиёт сабт шудааст. Ба ибораи дигар, бо мавҷуд будани деворҳои ҳимоявии Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба коми дарё рафтани 15 мошин ва ҳалок шудани зиёда аз 48 нафар пешгирӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар тавора (парапет) зиёда 2,5 тонна вазн дошта, дар ҳолати бархӯрди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои гаронвазн устувор мемонад.
АКС: Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд






