Молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» ба намоиш гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз», ки дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегардад, иштирок намуда, молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, нигораҳо аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ, маводи муаррифи имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, иқтидори эко-кишоварзӣ ва имконияти сайёҳии Тоҷикистонро намоиш ва муаррифӣ менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии мамлакат хабар медиҳад.
Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон гӯшаи намоишии Тоҷикистонро дар «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» ташкил намудааст.
Дар намоишгоҳи байналмилалӣ молу маҳсулоти кишоварзӣ, хушкмеваҳои бастабандигардида, тармева, асал ва лавҳаи мизи намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ландшафт бо сабзавоти тару тоза, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, обу шарбатҳои истеҳсоли ширкатҳои ватанӣ, нигораҳо аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти ороишӣ ва ҳунарҳои дастӣ, маводи муаррифии имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, иқтидори эко-кишоварзӣ ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар ҳошияи Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» бо ташаббуси Вазорати федеролии озуқаворӣ ва кишоварзии Олмон Форуми глобалии озуқа ва кишоварзӣ (15-18 январи соли 2025) доир гардид, ки дар он намояндагони зиёда 60 кишвари ҷаҳон ва ҳудуди 2000 сиёсатмадорон, олимон, тоҷирони муваффақ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Форуми глобалӣ соли 2025 таҳти унвони «Кишоварзӣ-ҳамчун биоиқтисодиёти устувор» доир гардида, дар он роҳҳои устувор намудани системаи агроозуқаворӣ дар сайёра, беҳтар намудани занҷираи таъминоти маҳсулоти ғизоӣ бо назардошти хатарҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ мегарданд.
Намоишгоҳ платформаи тиҷоратии байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои молистеҳсолкунандаи тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки кишварҳои иштирокчӣ молу маҳсулоти худро дар ҳудуди бозори Аврупо муаррифӣ менамоянд. Иштирок ва муаррифии ҳарчи бештари имконияту захираҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он бамаврид буда, ширкатҳои ватанӣ ва меҳмонон имкон пайдо намуданд, ки бо намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии ҷаҳонии кишоварзӣ оид ба пешрафти соҳа вохӯрию суҳбатҳо доир намоянд.
Форуми глобалии озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон то 26 январи соли 2025 баргузор мегардад.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






