Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар нишасти пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар он Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш роҷеъ ба фаъолияти ин созмон ҳисобот дода, авлавият барои соли 2025-ро муаррифӣ кард, иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, Ҷонибек Ҳикмат аз фаъолияти Антониу Гутерриш ҳамчун Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва нақшаҳои он барои соли 2025 истиқбол намуда, ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои авлавиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон маълумот дод.
Бо истифода аз фурсат намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои ҳавасманд барои иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба таҷлили нахустин Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии об (Ню-Йорк, 21 марти 2025) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи 2025) даъват ба амал овард.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






