НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳи Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ оғоз меёбанд
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон тибқи нақша корҳои сохтмонӣ бояд дар се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 35 км роҳи Гулистон- Кӯлоб, 32,5 км роҳи Данғара-Гулистон ва 137 км роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ оғоз гарданд. Дар ин хусус 29 январ Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Азим Иброҳим иброз дошт, ки ҳоло дар Тоҷикистон тавассути Вазорати нақлиёти мамлакат 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллари амрикоӣ, аз ин 6 лоиҳа ба маблағи 669,9 миллион доллари амрикоӣ дар ҳоли татбиқ қарор дошта, 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 468,3 миллион доллари амрикоӣ ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд.
Вазири нақлиёт афзуд, ки дар лоиҳаҳои роҳҳои автомобилгарди Обигарм–Нуробод, қитъаи 1 30,5 км, Обигарм–Нуробод, қитъаи- 2 40 км, Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа- Бохтар 9,2 км, «Устувории шабакаҳои роҳҳо- таҷдиди роҳи автомбилгарди Ҳулбук –Темурмалик –Кангурт 60 км ва Данғара –Лолазор 28,9 км таҷдид ва сохтмони роҳ тибқи нақша идома дорад. Инчунин сохтмони нақби «Истиқлол», марҳилаи 2, «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ -БРАМОМ-4», сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон 93 км, таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор–Панҷ –Дӯстӣ, марҳилаи 1, Гулистон –Фархор 29,6 км, «Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маром идома доранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






