НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 120 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 9 миллиону 154 ҳазор нусха нашр мешавад

Январь 31, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти мабуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бартараф намудани норасоии адабиёти таълимӣ дар асоси эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2025» таҳия шуд, ки тибқи он нашри 120 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 9 миллиону 154 ҳазор нусха ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои Вазири маориф ва  илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат вобаста ба такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои муфид андешида шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи амалкунандаи таълими фанни адабиёти тоҷик барои синфҳои 5-11»-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ куллан бознигарӣ карда шуд.

-Дар заминаи дастури Сарвари давлат бо мақсади таҷдиди минбаъдаи барномаю китобҳои дарсӣ консепсияҳои таълифи китобҳои дарсӣ аз фанҳои таърихи халқи тоҷик ва адабиёти тоҷик таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳо пешниҳод гардид,- гуфт вазир.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи SТЕМ то охири соли 2025 бознигарӣ ва таҳияи 14 номгӯй китоби дарсӣ аз фанҳои химия, биология ва физика идома дорад. Ҳамагӣ то соли 2026 таҳияи қариб 60 номгӯй китоби дарсии насли нав дар назар дошта шудааст.

Инчунин соли 2024  112 номгӯй адабиёти таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ бо теъдоди умумии 4 миллиону 674 ҳазор нусха нашр гардид, ки нисбат ба соли 2023   340 ҳазор нусха зиёд мебошад.

Вазири маориф ва илм изҳор намуд, ки соли 2024 ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 5 миллиону 14 ҳазору 464 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ ва маводи таълимӣ дастрас гардид. Аз ин теъдод 4 миллиону 617 ҳазору 946 нусхааш танҳо китоби дарсӣ буда, нисбат ба соли 2023  117 ҳазору 965 нусха зиёд аст.

Соли 2024 70 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои русӣ, туркманӣ, узбекӣ ва қирғизии ҷумҳурӣ таҳия шуда, омодаи чоп аст.

Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи «Биё, ҳамроҳ омӯзем» корҳои таълимӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ ва хониши адабӣ бо теъдоди зиёда аз 3 миллион адад ва 31 номгӯй китоби бадеӣ бо теъдоди зиёда 270 000 нусха, нашри такрорӣ ба миқдори зиёда аз 220 000 нусха ва дар маҷмуъ 558 ҳазору 638 нусха ба анҷом расид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 31, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид