«ҶОЙГОҲИ ЗАН-МОДАР ДАР ПЕШБУРДИ ОИЛА БЕНАЗИР АСТ». Дар Шаҳринав ҳамоиши фарҳангӣ-маърифатӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав таҳти унвони «Ҷойгоҳи зан-модар дар пешбурди оила беназир аст» ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.
Дар ҳамоиш нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар самти омӯхтани касбу ҳунар шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар бунёди давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас буда, занон минбаъд низ дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми тоҷик бегона, ба камол расонидани насли солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳми арзишманд мегузоранд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш занону духтарон ҳунари дасти худро ба намоиш гузошта, занони рӯзгордидаи деҳа ба ҷавондухтарон тарзи омода намудани хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои қадимии халқи тоҷикро омӯзониданд.
Иброз гардид, ки занони ҳунарманди ноҳия бо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, гилембофӣ ва ғайра дар тарбияи шогирдон саҳми назаррас доранд.
Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ ва озмунҳои маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти оилавӣ, дастгирии оилаҳои ҷавон, арҷ гузоштан ба расму оинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон баргузор мешаванд.
Ҳадафи ҳамоиши маърифатӣ омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, ҷалби занону духтарони ҳунарманд ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷавондухтарон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бо иштироки васеи занону духтарон дар мамлакат усули «деҳа ба деҳа», «маҳал ба маҳал» ва «хона ба хона» идома дорад. Ин амал, пеш аз ҳама, ба рушди маҳал, гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ, тозагии кӯчаю хиёбонҳои маҳаллаҳо, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?






