Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ба татбиқи усулҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна мусоидат менамояд

Январь 9, 2025 08:22

ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 2 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.

Яке аз ин қонунҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» мебошад, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, расонидани кумак ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ барои соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қонун бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, инчунин талаботи объективӣ, шароит ва хусусияте, ки дар соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ ташаккул ёфтаанд, таҳия гардидааст.

Дастгирии иҷтимоӣ на танҳо аз баамалбарории сиёсати якҷонибаи давлатии ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нақдӣ ва кумакҳои моддӣ, балки аз фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ва фарогирии иқтисодии онҳо иборат аст. Маҳз фарогирии иқтисодии ин категорияи шахсон метавонад афзоиши хароҷоти буҷетро аз ҳисоби даромадҳои андоз аз фаъолияти иқтисодӣ, устувории минбаъдаи молиявӣ ва худтаъминкунии онҳо қисман ҷуброн намояд. Аз ин лиҳоз таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки механизмҳои мусоидат ба шуғли гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё ба истилоҳ соҳибкории иҷтимоӣ зарур мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ба ҳалли мушкилоти гуфташуда нигаронида шуда, ба татбиқи сиёсати имрӯзаи соҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти иҷтимоӣ нигаронида шуда, сохтори давлатии мамлакатро инъикос менамояд, мувофиқат мекунад. Он ба иҷрои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бобати танзими механизмҳои нави амалисозии сиёсати иҷтимоии давлат дар самти муосирсозии системаи идоракунии соҳаҳое, ки сармояи инсониро ташаккул медиҳанд ва институтсионализатсияи системаи истеҳсолӣ ва соҳибкории иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, барои васеъ ҷорӣ намудани соҳибкории иҷтимоӣ дар модели муосири иқтисодиёти миллӣ он воқеан бояд такони ҳавасмандгардонӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии умумии аҳолӣ, пур кардани бозор аз молҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна, зиёд намудани манбаи андоз ва кам кардани сарбории пардохтҳои иҷтимоӣ ба буҷети давлатӣ бо таъхири таъсири мусбати макроиқтисодӣ гардад.

Аз ҷониби Сарвари давлат ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» саҳми назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувори (ҲРУ) Созмони Милали Муттаҳид буда, ба ин васила иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ташаккули симои мусбати мамлакатро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун иштирокчии фаъоли рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ нишон медиҳад.

Дар таҳияи он барои муайян намудани гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ (моддаи 8) меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ба монанди «Қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ», «Низомномаи намунавӣ дар бораи баргузории озмун барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ», «Тартиби таъйин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ва «Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ» истифода карда шудаанд.

Дар маҷмуъ, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» комилан саривақтӣ буда, ба самти муосири рушди сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии давлат иртибот дорад. Он барои бартараф кардани номувозинатии иҷтимоӣ дар бозори меҳнат заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам меорад, таъмини муносибати одилонаи фарогирро дар амалишавии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ба ин васила беҳбуди устувори зиндагӣ ва некуаҳволии онҳо таъмин менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 9, 2025 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди мубориза бар зидди малах баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон вазъи низоми бонкӣ ва суғурта дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд
Ширкати «СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В.»-и Чин дар вилояти Хатлон лоиҳаи истихроҷи нафту газро амалӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар масири Душанбе-Кӯлоб-Душанбе хатсайри нави ҳавоӣ фаъол мекунад
Кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе истеҳсол ва фурӯши машруботи ғайристандартиро ошкор намуданд
Дар тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ насби POS-терминалҳои нав ба нақша гирифта шудааст
ҲУШДОР! Ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тавсияҳои дахлдорро бояд риоя намоянд!
Лоиҳаи «Методика ва саволномаи таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ оид ба дарки ҷомеа дар бораи коррупсия» мавриди муҳокима қарор гирифт
Дар қитъаи таҷдидшавандаи роҳи «Қалъаи Хумб – Ванҷ» сохтмони роҳ тибқи нақша идома дорад
МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Дастгоҳҳои барқии маиширо дар хона чӣ тавр бояд истифода намуд?
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои ҳидояткунанда ба рушду зиндагии шоиста мавқеи меҳварӣ доранд
ИСТИФОДАИ СИСТЕМАҲОИ ЗЕҲНӢ. Нақлиёти ҷамъиятӣ «ҳушманд» мешавад