Ширкати «СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В.»-и Чин дар вилояти Хатлон лоиҳаи истихроҷи нафту газро амалӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории мутақобили судманди вилояти Хатлон бо ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин «СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В.» дар мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори ширкати «СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В» Лу Бинг дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо таҳким ва густариши робитаҳои кориро баррасӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки ширкати чинии «СиЭнПиСи Сентрал Эйжа Б.В» дар Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар лоиҳаи истихроҷи нафту газро амалӣ менамояд.
Ширкат барои омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дошта, бобати амалишавии ин лоиҳа корҳои таҳқиқотӣ анҷом медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд
Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ҳисор 103 фоиз иҷро гардид
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ тақвият меёбад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид






