Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди мубориза бар зидди малах баргузор шуд

Январь 9, 2025 17:20

ДУШАНЕБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.

Дар ҷаласа роҳбарияти вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ҳамадонӣ, Ёвон, Шаҳритӯс, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Темурмалик оид ба тадбирҳои мубориза бар зидди малах сухан гуфтанд.

Таъкид шуд, ки соли равон низ эҳтимоли паҳншавии малах дар ноҳияҳои кӯҳистон вуҷуд дорад. Аз ин рӯ аз имрӯз сар карда, барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади омодагӣ ба мавсими «Мубориза бар зидди малах», сари вақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина муҳофизати майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзор аз ҳуҷуми малахи марокашӣ, инчунин ҳалли  мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах ба масъулин супориш дод.

Дар вилоят Ситоди вилоятии «Мубориза бар зидди малах» амал мекунад. Инчунин дар ҳар шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти осебпазир аз малах ситодҳои шаҳрию ноҳиявии «Мубориза бар зидди малах» таъсис меёбанд.

Инчунин раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, дигар истифодабарандагони замин, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияро, новобаста аз шакли моликият ба чорабиниҳои мубориза бар зидди малах ва баргузории тадбирҳои зарурӣ пурра ҷалб намоянд.

Роҳбарони филиалҳои Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб вазифадор гардиданд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин мушоҳидаҳои зимистонаро оид ба муайян намудани мавзеъҳои тухмгузории малах ба анҷом расонанд, дар ҳар шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян карда, дар ин ҷойҳо коркарди техникӣ гузаронанд.

Бояд гуфт, ки корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз гардида, дар се марҳила гузаронида мешаванд.

Ба назари мутахассисон, малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзӣ мефарояд. Ба хотири пешгирии паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, ҳамасола барои пешгирии паҳншавии он заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас мегарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Январь 9, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид