Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад

Январь 31, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 феврал дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ бо афрӯхтани гулхан, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз, техникаҳои соҳавӣ ва  техникаҳои кишоварзӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ   иттилоъ доданд,  дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта мешавад. Дар атрофи  он сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд шодмонӣ намоянд. Инчунин дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороиширо   пешниҳоди сокинон гардонида, техникаҳои соҳавӣ,  техникаҳои кории кишоварзӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд,  ба  намоиш мегузоранд.

Ҷашни Сада тибқи «Ҷадвали баргузории солгард, фестивали намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 гузаронида мешавад.

Олимон иброз медоранд, ки ҷашни Сада – рамзи  рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар табиат аст. Сада яке аз ҷашнҳои қадимӣ ва пурмуҳтавои мардуми ориёӣ мебошад, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Ин ҷашн рамзи пайдоиши нур, гармӣ ва пирӯзии инсон бар сардию зулмот дониста мешавад.

Ин ҷашн инчунин ҳамчун василае барои муттаҳид сохтани мардум хизмат мекунад. Инсонҳо бо ҳамдигар бо нияти нек ҷамъ меоянд ва якдигарро бо гармӣ ва муҳаббат табрик мегӯянд.

Дар ин рӯз сокинону меҳмонон метавонанд аз олимони соҳаи кишоварзӣ вобаста ба парвариши гулу бутта, дарахтон ва дигар маҳсулоти киштшаванда тавсияҳо гиранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Январь 31, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад