«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ОЯНДАИ ПУРСАМАР». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Январь 11, 2025 10:45

ДУШАНБЕ, 11.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бахшида ба шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Паём-роҳнамои ояндаи пурсамар» ҳамоиш баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, инчунин дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бориз дорад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ииброз дошт, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян шуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳукуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дастури роҳнамо барои тамоми сокинон арзёбӣ гардида, ҳуҷҷати рӯйимизии ҳар шахс мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар соли 2024 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои мушаххаси рушди ҷумҳурӣ дар солҳои минбаъда муайян карда шуданд.

Изҳор гардид, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 баргузор ва муваффақона  ҷамъбаст гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бори дигар собит намуд, ки дар баробари тадбирҳои гуногун андешидани чораҳои ҳавасмандӣ ба раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа мусоидат намуда, боиси эҳё ва рушди фарҳанги китобхонӣ мегардад. Он ҳамзамон таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба масъалаҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ ҷалб менамояд.

Сарвари давлат бо назардошти аҳаммияти ин озмун дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум пешниҳод намуданд, ки «ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва бобати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад. Яъне вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро аз рўйи се самт: якум — миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм — таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм — дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 11, 2025 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон аст
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба афзалият, дастовардҳо ва дурнамои он
Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид