Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамо барои иҷрои ҳадафҳои созанда ва саодатбахш

Январь 11, 2025 12:04

ДУШАНБЕ, 11.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Паём-роҳнамо барои иҷрои ҳадафҳои созанда ва саодатбахш» дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши васеъ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакатро баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки «давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи он ба мардуми Тоҷикистон хизмат менамоянд».

Воқеан, дар тарбияи ватандӯстӣ дар баробари дигар муассисаҳои фарҳангӣ осорхонаҳо мавқеи хоссаро ишғол менамояд. Осорхонаҳо оинаи таърих, посдори урфу одат, суннату анъанаҳои миллӣ, маркази тарбияи худшиносию ватандӯстӣ, башардӯстӣ ва мактаби бузурги маърифат мебошанд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуд. Мавсуф гуфт, ки Паём ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои ояндасози миллати тоҷик мебошад, зеро дар он самтҳои рушди Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Кормандони осорхона дар мавзуъҳои «Паёми Пешвои миллат — дастури роҳнамою саодатбахш», «Гиромидошт ва ҳифзи таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Паёми Президенти Тоҷикистон- такондиҳандаи рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат», «Масъалаи занону духтарон дар Паёми Президенти Тоҷикистон», «Устувонаи Куруши Кабир: бозёфт, хониш ва омӯзиш” — ба муносибати пешниҳоди таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ЮНЕСКО, «Паёми Президенти Тоҷикистон – раҳнамои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат», «Илму маориф дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва «Сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» маъруза намуданд.

Дар анҷом байни кормандони Осорхонаи миллӣ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ табодули назар доир шуд. Ҳозирин иброз доштанд, ки аҳли фарҳанг дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати худро бояд дар сатҳи шоиста иҷро намоянд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 11, 2025 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон аст
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад