«ПИРЯХ». Таҳти чунин унвон театри опера ва балети тоҷик дар шаҳрҳои Париж ва Брюссел намоиш пешниҳод мекунад

Январь 26, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 26.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ имсол дар шаҳри Парижи Фаронса ва Брюссели Подшоҳии Белгия бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Пирях» намоиш пешниҳод менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Театри давлати академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иттилоъ медиҳад.

Муаллифи либретто — Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим буда, он бо мусиқии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толибхон Шаҳидӣ офарида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул намуд. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

АКС: Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

Январь 26, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад