Рӯзи байналмилалии маориф дар соли 2025 ба мушкилоти зеҳни сунъӣ бахшида шуд

Январь 25, 2025 09:17

ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ -Рӯзи байналмилалии маориф. Бо тасмими Директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле Рӯзи байналмилалии маориф дар соли 2025 ба мушкилоти зеҳни сунъӣ бахшида шуд. Дар  ин рӯз аз кишварҳои аъзои ЮНЕСКО даъват карда шуд, ки барои омода намудани омӯзгорон ва донишҷӯён бо мақсади истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф сармоягузорӣ намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ЮНЕСКО хабар медиҳад.           

«Зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф ба шарте имконияти назаррас фароҳам меорад, ки истифодаи он дар мактабҳо ба усулҳои возеҳи ахлоқӣ асос ёбад. Барои татбиқи иқтидори пурра ин технология бояд ҷанбаҳои инсонӣ ва иҷтимоии омӯзишро пурра кунад, на ин ки онҳоро иваз намояд. Он бояд асбобе дар хизмати муаллимон ва донишҷӯён бошад ва ҳадафи асосияш мустақилият ва некӯаҳволии онҳо бошад»,-гуфт Одри Азуле.

Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин давлате аст, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ қабул намудааст. Қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар асоси пешниҳоди   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таҳия гардида, дар самти таъсиси IT паркҳо ва рушди рақамикунонии иқтисоди мамлакат  нақши муассир мегузорад.

Ҳоло дар мамлакат «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мавриди амал қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки зеҳни сунъӣ- «аrtificial intelligence»- ин истифодаи қувваи меҳнат тавассути технологияҳои муосир буда, кор бештар тавассути компютер ва роботҳо (дастгоҳи маснуии шабеҳ ба одам, ки ин ё он корро тибқи барнома иҷро мекунад), идора ва амалӣ мегардад.

Дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Стратегия дар се марҳила амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он се озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар ҷумҳурӣ ба истифода дода мешавад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «саҳми олимони ватанӣ дар татбиқи Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи татбиқи технологияҳои «зеҳни сунъӣ» хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад».

Бояд гуфт, ки «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳамроҳ бо ҳадафҳои Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ ва дигар барномаҳои давлатӣ ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти мамлакат мусоидат менамояд.

Бо қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳоло дар ҷумҳурӣ озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ бо номи «TajRupt» фаъолият дорад. Он аввалин чунин озмоишгоҳ буда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ беназир арзёбӣ мегардад. «TajRupt» бо мусоидат ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Он дар таҳияи барномаҳо ва кор дар самти зеҳни сунъӣ нақши бориз дошта, тавонмандсозии ҷавонони мамлакат дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз ҳадафҳои асосии таъсиси озмоишгоҳ маҳсуб мешавад.

Инчунин дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон марказ таъсис шудааст, ки ҳадафи он тақвияти рушди иқтисоди рақамӣ аст. Дар назди марказ Шурои зеҳни сунъӣ низ таъсис ёфтааст. Дар он тамоми намояндагони бахши хусусӣ, блоки иқтисодӣ, муассисаҳои олӣ ва коршиносони кишварҳои хориҷӣ ҷамъ омада, табодули назар менамоянд.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Маркази зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст, ки ҳадафаш рушди илму техника ва дарёфти малакаҳои зеҳнии донишҷӯён мебошад.

Қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва рӯ овардан ба истифодаи технологияҳои муосир ва иттилоотӣ нигаронида шудааст.

Дар маҷмуъ, зеҳни сунъӣ имрӯз ҷузъи муҳими иқтисодиёти ҷаҳон гардидааст. Низомҳои комютерие мавҷуд ҳастанд, ки ба мисли инсон таҳлил ва қарор қабул менамоянд.

Аз ин рӯ, қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар мамлакат саривақтӣ ва барои рушду пешрафти иқтисодиёти давлатамон муҳим арзёбӣ мегардад.

ЮНЕСКО бо бахшидани Рӯзи байналмилалии маориф ба зеҳни сунъӣ дар соли 2025 ҳадаф дорад, ки дар бораи ҷойгоҳи ин технология дар маориф мубоҳисаи ҷаҳонӣ ташкил кунад. Ташкилот ба нақша гирифтааст, ки дар Париж ва Ню Йорк конфронсҳо ва инчунин вебинар (машварати онлайнӣ) баргузор намояд.

Зеҳни сунъӣ аз ҳама бештар дар соҳаи маориф истифода мешавад. Дар кишварҳои дорои даромади баланд аксаран аз се ду ҳиссаи хонандагони мактабҳои миёна барои омода кардани корҳои мактабӣ аллакай аз абзори тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ истифода мебаранд. Омӯзгорон барои омода кардани дарсҳо ва баҳодиҳӣ ба кори донишҷӯён бештар зеҳни сунъиро истифода менамоянд. Масъалаҳои роҳнамоии касбӣ ва қабул ба мактабҳо, ки маъмулан аз ҷониби омӯзгорон ва коршиносон танзим мешуданд, низ ҳарчи бештар бо ёрии зеҳни сунъӣ ҳал мешаванд. Аммо иштирокчиёни раванди таълим то ҳол дар мавриди истифодаи ин технологияҳо тавсияҳои дақиқ надоранд. Моҳи майи соли 2023 ЮНЕСКО дар байни 450 муассисаи таълимӣ назарсанҷӣ анҷом дод, ки тибқи натиҷаҳои он ҳамагӣ 10%-и мактабҳо ва донишгоҳҳо  муқаррароти расмӣ дар бораи истифодаи зеҳни сунъиро риоя мекунанд. То соли 2022 танҳо 7 давлат ҳуҷҷатҳои даврӣ ё барномаҳои зеҳни сунъиро барои муаллимон таҳия кардаанд ва танҳо 15 кишвар ҳадафҳои таълими зеҳни сунъиро ба барномаҳои таълимии миллиашон дохил намудаанд.  Дар баробари ин бештари кишварҳо зимни дарсҳо истифодаи технологияҳои навро маҳдуд менамоянд. Тибқи маълумоти нави ЮНЕСКО, тақрибан дар 40 фоизи давлатҳо (24% дар моҳи июли соли 2023) ҳоло қонун ё сиёсате амал мекунад, ки истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд.

ЮНЕСКО бо ваколати фарогир дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва иттилоот тақрибан даҳ сол аст, ки ба масъалаҳои зеҳни сунъӣ машғул аст. Моҳи ноябри соли 2021 кишварҳои аъзои ЮНЕСКО аввалин ҳуҷҷати меъёрии ҷаҳониро оид ба ҷанбаҳои ахлоқии зеҳни сунъӣ қабул намуданд.

 Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Январь 25, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон дар рӯзҳои сард зиёновар аст
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
НОМИ НАКӮ-НИСФИ ҲУСН. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мардуми моро бо ному насаби миллӣ ба оламиён муаррифӣ менамояд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар шаҳри Панҷакент 4 бинои нави мактаб ва 1 кӯдакистон сохта мешавад
САДА-ҶАШНИ БЕДОРӢ ВА ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Он барои зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ нақши босазо дорад
Дар ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази таълимӣ оид ба омода намудани мутахассисони хурди касбӣ таъсис меёбад
25 январ — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши овози ҳар интихобкунанда дар интихобот машварати омӯзишӣ доир гардид
ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ. Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ҷалб шуданд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» таъсис ёфт