САБАБИ ЗИЁД ГАРДИДАНИ ТУМАН ДАР ЧИСТ? Шарҳи Агентии обуҳавошиносӣ дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 20.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои масъулини Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, вақтҳои охир дар мамлакат фаромадани туман зиёд ба назар мерасад. Яке аз омилҳои зиёд гардидани туман намнокии баланди ҳаво мебошад. Инчунин инверсияи ҳароратӣ, норасоии шамол ва тағйирёбии ҳаво боиси пайдо шудани туман мегарданд.
Туман асосан аз қатраҳои хеле хурди об иборат мебошад. Мутахассисони обуҳавошинос иброз медоранд, ки туман- ин қатраҳои хеле хурди об ё яхчаҳо (барф) дар газ аст, ки шаффофияти онро коҳиш медиҳад. Туман бештар дар фаслҳои баҳор ва зимистон мушоҳида мешавад. Туман бухорест, ки ҳаворо тира мекунад.
Яке аз сабабҳои пайдоиши туман намнокии баланди ҳаво аст. Вақте ки ҳаво миқдори зиёди буғи обро дар бар мегирад, дар доираи ҳодисаи конденсатсия он метавонад дар шакли туман ё қирав ҳангоми паст шудани ҳарорат ба вуқуъ пайвандад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, сабаби дигари туман инверсияи ҳароратӣ мебошад. Ин ҳолате аст, ки дар он қабати ҳавои гарм дар зери қабати ҳавои хунук қарор мегирад. Дар чунин шароит ҷараёни болоравии ҳаво бо намнокӣ наметавонад қабати хунукро убур кунад ва ба боло барояд, ки ин боиси пайдоиши туман мегардад.
Норасоии шамол низ метавонад сабаби ба амал омадани туман гардад. Шамол метавонад туманро суръат бахшад ва онро бардорад. Дар сурати набудани шамол туман метавонад ҷамъ ва зичтар шавад.
Ҳаёти инсоният бо нафаскашӣ оғоз мегардад. Инсоният метавонад истеъмоли хӯроки пастсифатро рад намояд ва ё оби ифлосро нанӯшад, аммо ӯ бе нафаскашӣ наметавонад зиндагӣ кунад. Дар чунин рӯзҳо махсусан одамони солхӯрда ва кӯдакону наврасон бояд худро эҳтиёт кунанд. Сайругашт барояшон мумкин нест. Касоне, ки бемориҳои дилу раг, фишор, астма, бронхит доранд, ҳатман бояд захираи доруҳои заруриро барои эҳтиёт бо худ гиранд. Дар ҳолати бад шудани вазъи саломатӣ ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кунанд.
Инчунин туман барои ҳаракати нақлиёт хатарнок мебошад. Зеро дар чунин рӯзҳо ронандагон масофаи аз худ каме дурро дида наметавонанд, ки ин боиси садамаи нақлиётӣ мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷии Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
Ғолиби Фестивали «Сайри гули лола» Сайфиддин Файзиддинов: «Тоҷикон аз қадимулайём гулпарвар буданд»
Дурнамои ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин баррасӣ гардид
Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид
Имрӯз ғолибони Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҳавасманд гардонида мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XV онкологҳо ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё иштирок намуд
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ идома дорад
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ҳамоиш доир шуд






