СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии Тоҷикистон қадами муҳим аст

Январь 22, 2025 08:24

ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистонро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд. Имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад ва татбиқи саривақтии ин ташаббус имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба ин раванд вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбанд ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.

Ба иттилои сармутахассиси Раёсати рушди иқтисоди рақамии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Қосимзода, Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рақамикунонӣ аҳамияти хосса зоҳир менамоянд. Дар шароити шакливазкунии ҷомеаи муосир масъалаҳои рақамкунонӣ, Ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ масъалаҳои мубрами рӯз буда, шарҳи ин мафҳумҳо бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

«Иқтисоди рақамӣ иқтисоде мебошад, ки асоси онро истифодаи технологияҳои муосири рақамикунӣ ташкил менамояд. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии давлат қадами муҳим аст. Зеро он имконияти кам намудани вақти барориши маҳсулоти нав ба бозорро таъмин намуда, дараҷаи чандирии истеҳсолотро баланд мебардорад. Он инчунин сифати маҳсулот ва самаранокии ҷараёни истеҳсолотро беҳтар намуда, дар охир ба беҳтар шудани рақобатпазирии саноат ва зиёдшавии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонад»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки инноватсия ва рақамишавӣ имкон дод, ки дар даҳ соли охир суръати рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфта, ҳиссаи иқтисоди рақамӣ ба ҳисоби миёна беш аз 15 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилии глобалиро ташкил диҳад, ки ин нишондиҳанда барои давлатҳои алоҳида то 40 фоиз ба мушоҳида мерасад.

Бахтовар Қосимзода чунин меҳисобад, ки тафовут байни иқтисодиёти рақамӣ ва иқтисоди анъанавӣ хеле зиёд аст. Зеро дар иқтисодиёти рақамӣ истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ мушоҳида мешавад, ки ин пешбурди тиҷорат, истеҳсоли мол, хизматрасонӣ ва инчунин ҳамкорӣ байни истеъмолкунандаю истеҳсолкунанда ва мақомоти давлатиро таъмин менамояд. «Дар ин ҷо мафҳумҳои асосӣ ҳамчун В2В, В2G ва В2С пайдо мешаванд, ки ин мафҳумҳо ҳамкорӣ байни савдо, тиҷорат ва ҳукумат ва ё баръаксро аз тариқи истифодаи технологияи муосири рақамӣ ба роҳ мемонад, ки ин бениҳоят афзалияти калон дорад»,-изҳор дошт мавсуф.

Барои пешбурди тиҷорат ва хизматрасониҳо, истеҳсол намудани молу маҳсулот ҳамкорӣ бо шаҳрвандон барои пешбурди савдо хеле кумак мерасонад. Аз ин хотир мо бояд фарқ намоем, ки асоси иқтисодиёти рақамӣ- ин маълумот, иттилооти нармафзор, платформаҳои рақамӣ ва шаклҳои нави ҳамкорӣ. ба монанди ҳамкории онлайнӣ ва хизматрасонии интернетӣ мебошад. Пас, бояд гуфт, ки тафовути иқтисодиёти рақамӣ аз иқтисодиёти анъанавӣ дар он аст, ки дар иқтисодиёти анъанавӣ кори ҷисмонӣ ва логистика ҳамчун масъалаҳои асосӣ барои рушди иқтисодиёт арзёбӣ мегарданд. Вале иқтисоди рақамӣ- ин ба тарзи васеъ ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, блокченҷ ва дигар технологияҳои пешрафта аст, ки барои фаъолгардонии равандҳои фаъолият ва тавсифи модели нави тиҷорат истифода бурда мешаванд.        Ба андешаи Бахтовар Қосимзода, дар иқтисодиёти анъанавӣ моделҳои тиҷорат аксаран аз истеҳсоли мол ва хизматрасонии ҷисмонӣ асос ёфта буданд, ки тавассути мағозаҳо ва бозорҳо бо ҳам алоқаманд буда, тамоми хариду фурӯш байни шаҳрвандон ва тоҷирон дар ин минтақаҳои савдо амалӣ мешуд. «Дар иқтисодиёти рақамӣ як мафҳуми дигаре ҳам пайдо мешавад, ки номи он савдои электронӣ мебошад, ки савдоро пурра ба тариқи истифодаи платформаҳои рақамӣ ташкил менамояд. Ин барои шаҳрвандон ва тоҷирон, инчунин сарфаи вақт ва маблағҳо ниҳоят кумак мерасонад. Барои мисол, дар ҳолате, ки як шаҳрванд мағозаеро ба тариқи иқтисодиёти анъанавӣ мекушояд, дар он мағоза ӯ ба фурӯши молу маҳсулот ё хизматрасонӣ шуруъ менамояд, дар раванди фурӯш вай маблағи иҷора, қувваи барқ ва дигар хароҷотро месупорад ва аз болои тамоми маҳсулот сарфи тамоми хароҷоти худро зам мекунад. Вале дар иқтисодиёти рақамӣ ва ё савдои электронӣ ин маблағҳои иловагӣ сарф карда намешаванд ва ин маблағҳо сарфа карда мешаванд. Аз ин лиҳоз нархи молҳо метавонанд, ки як баробар фарқ дошта бошанд. Яъне, ки афзалияти муҳими он кам будани нархи молу маҳсулот мебошад»,-баён медорад мутахассис.

Иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисодиёт кумаки бевосита мерасонад. Зеро мақсади асосии иқтисодиёт ҳуҷҷатҳои стратегие мебошанд, ки дар ин самт қабул карда мешаванд. Аз ҷумла, дар мамлакат «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Бахтовар Қосимзода Стратегияи миллии рушдро яке аз муҳимтарин ҳуҷҷати стратегӣ дар самти рушди иқтисодиёт медонад. Ба андешаи ӯ, ҳадафи асосии ин ҳуҷҷат беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аст. Ба ин василаи истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ гирифтани девидентҳои иловагии рақамӣ ба андозаи 1,5-2 фоиз ва зиёд намудани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мебошад, ки ин ба иқтисодиёт ба андозаи 1,5-2 фоиз саҳми назаррас мерасонад.

Бояд иброз дошт, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия омода намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа, рушди инфрасохтори технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, рақамигардонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва худомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, ҷорисозии зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ мусоидат менамояд.

«Аз ҷониби Пешвои миллат барои рушди соҳаи рақамикунонӣ чораҳои таъхирнопазир пешниҳод гардиданд. Мо, ҷавонони даврони истиқлол ин роҳнамоиро ҳамчун дастурамали фаъолият қабул менамоем. Воқеан ҳам Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025-2030 дар ҳошияи раванди рақамикунонии ҷаҳонӣ тадбири муҳим ба ҳисоб рафта, муҳимияти масъаларо барои дар 5 соли оянда дар  сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рақамикунонӣ дар мамлакат тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз ҷавононро зарур меояд, ки барои рушду равнақи соҳа дар мамлакат дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, бобати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани рақамикунонӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нақлиёт, саноат ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим корҳои таъхирнопазирро амалӣ намоем»,-иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2025 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Дар Женева таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷоя бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО оғоз гардид
ПАХТАКОРӢ. Чаро дар Тоҷикистон ҳамасола дар ин бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ нишондиҳандаҳо паст мешаванд?
«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Турсунзода таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе доир ба рушди инноватсияи рақамӣ ҳамоиш доир гардид
Молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2025» ба намоиш гузошта шуд
Дар Женева масъалаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд
МОҲИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ. Номзади илмҳои иқтисодӣ ин мавзуъро шарҳ додааст
Дар Хуҷанд ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
ВАТАНДӮСТӢ ВА МАВҚЕИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ПАЁМ. Дар ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ беҳсозии ҳаёти ҷавонон таъкид гардидааст
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар Душанбе масъалаи рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуд