Соли 2024 аз Тоҷикистон ба беш аз 26 давлати хориҷӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид

Январь 30, 2025 15:24

ДУШАНБЕ, 30.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба беш аз 26 давлати хориҷии дуру наздик маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода баён намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз маҳсулоти кишоварзии содиротгардида 85 фоиз ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 15 фоиз ба давлатҳои хориҷии дур рост меояд.

Соли 2024  268,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 226,7 миллион доллари амрикоӣ содирот карда шуд. Тибқи таҳлилҳо, аз маҳсулоти содиротгардида нахи пахта 100,5 ҳазор тонна, сабзавот 30,8 ҳазор тонна, (аз ҷумла пиёз 29,2 ҳазор тонна), меваҷот 40,1 ҳазор тонна (аз ҷумла ангур 23,7 ҳазор тонна), меваи хушк 90,1 ҳазор тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 6,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки  барои ноил шудан ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат татбиқи Барномаи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ назаррас буда, соли 2024 аз ҳисоби истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ ба сари ҳар як нафар аҳолӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо ба 179,0 килограмм, картошка ба 123,7 килограмм, сабзавот ва полезиҳо ба 434,1 килограмм, мева ва буттамеваҳо ба 108,9 килограмм, гӯшт (дар вазни зинда) 40,7 килограмм, шир 115,2 килограмм ва тухм ба 123,9 дона баробар гардид.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида соли 2024 истеҳсоли картошка 134 фоизи талабот, сабзавот 2,4 маротиба, пиёз 5,5 маротиба, сабзӣ 3,6 маротиба, полезӣ 3,7 маротиба, гӯшту шир 100 – фоизӣ аз меъёри истеъмолӣ барзиёд иҷро гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» 

 

 

Январь 30, 2025 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд