Соли 2025 дар низоми ҳамлу нақли байналмилалӣ баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд

Январь 5, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар соҳаи роҳу нақлиёти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва Иттиҳоди Аврупо якчанд тағйирот пешбинӣ шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ронандагон ва ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистонро аз баъзе тағйироте, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ рабт доранд, хабардор менамояд.

Дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» ба кор дароварда мешавад. Дар ҷаласаи 81-уми Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аввали моҳи ноябри соли 2024 дар Тошканд баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фазои ягонаи иттилоотии ҳамлу нақли байналмилалии мусофиркашонии роҳи оҳан ба имзо расид. Ба он маъмурияти роҳи оҳани Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва инчунин Гурҷистон ҳамроҳ шуданд.

Рушди фазои ягонаи иттилоотии мусофиркашонӣ ба алоқаи нақлиётии кишварҳои Иттиҳод, рушди иқтисодӣ ва ҷалби сайёҳон таъсири мусбат мерасонад. Дар амал он самти алоҳидаро барои рушди равандҳои технологӣ дар бахши мусофирбарӣ барои ҳар маъмурияти роҳи оҳан муайян мекунад.

«Express International» пайванди ҳамгирокунандаи низомҳои автоматикунонидаи идоракунии мусофиркашонӣ байни маъмурияти роҳи оҳан ва як навъ низоми ёрирасон хоҳад буд, ки имкон медиҳад маълумот аз рӯи истгоҳҳо, ҷадвали қатораҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг шуда, маълумоти ҷамъбастӣ аз рӯи бахшҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла омор, таҳлил, ҳисобҳои мутақобили молиявӣ ба даст оварда шавад.

Пайвастшавӣ ба «Express International» ба ҳама низомҳои захиракунии иттилоот имкон медиҳад, ки зуд бифаҳманд, ки барои гирифтани маълумот дар бораи қатораи муайян ба кадом роҳи оҳан муроҷиат кунанд, кадом имконоти роҳкиро мавҷуданд ва барои корбар маблағи ниҳоии пардохти роҳкиро чӣ гуна хоҳад буд.

Ёдошти тафоҳуми имзошуда барои пайвастани дигар маъмурияти роҳи оҳан, ки дар кори Шурои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод иштирок мекунанд, боз аст.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи навбатии Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи июни соли 2025 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар Русия

Аз 1 апрели соли 2025 ҳангоми интиқоли байналмилалии бор тавассути нақлиёти роҳи оҳан ба ҷои нусхаҳои ҳуҷҷатҳои интиқол бо тамғаҳои мақомоти гумрук ба мақомоти андоз феҳристи маълумот аз ҳуҷҷатҳои интиқол пешниҳод карда мешаванд. Қонуне ба имзо расид, ки тасдиқи ҳуҷҷатии меъёри сифрии андоз аз арзиши иловашударо ҳангоми интиқоли байналмилалии молҳо сода мекунад. Ҳуҷҷати дахлдор дар сомонаи нашри расмии санадҳои ҳуқуқӣ ҷойгир карда шудааст. Қонун ба сода кардани пешбурди тиҷорат дар доираи татбиқи механизмҳои «Тағйирёбии фазои тиҷоратӣ» ва «Содироти молҳо ва хизматрасониҳо» равона шудааст. Тибқи қонун, аз 1 апрели соли 2025 ҳангоми интиқоли байналмилалии молҳо тавассути нақлиёти роҳи оҳан ба ҷои нусхаҳои ҳуҷҷатҳои интиқол бо тамғаҳои мақомоти гумрук бояд ба мақомоти андоз феҳристи маълумот аз ҳуҷҷатҳои интиқол пешниҳод карда шавад.

***

Ассосиатсияи интиқолдиҳандагони байналмилалии автомобилии (АСМАП)-и Русия муҳлати амали иҷозатномаҳои соли 2024-ро барои 34 кишвар, аз ҷумла барои Тоҷикистон то 31 январи соли 2025 тамдид кард.

***

Афзоиши ҷаримаҳо барои надоштани талони суғурта (ОСАГО). Лоиҳаи қонун, ки ба зудӣ эътибор пайдо мекунад, ҷаримаро барои надоштани талони суғуртаи ҳатмии авмомобилӣ аз 800 то 5000 рубл зиёд мекунад. Аз 1 марти соли 2025 камераҳои аксбардорӣ ва видеоӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд, ки метавонанд ба таври худкор полиси суғуртаи ронандаро муайян намоянд.

***

Талаботи нав ба назорати вазн ва андозаи мошинҳо. Аз моҳи марти соли 2025 ронандагони мошинҳои боркаш вазифадоранд, ки бо талаби нозирон мошинашонро манъ кунанд ва ҳуҷҷатҳоро барои санҷиш пешниҳод намоянд. Барои рад кардани гузаштан аз назорат ҷарима ба маблағи то 100 ҳазор рубл, инчунин эҳтимоли маҳрум шудан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати шаш моҳ пешбинӣ шудааст.

***

Тартиби нави дезинфексияи воситаҳои нақлиёт. Аз 1 январи соли 2025 фармони «Россельхознадзор» дар бораи безараргардонии ҳатмии воситаҳои нақлиёте, ки аз дигар кишварҳо ба қаламрави Русия ворид мешаванд, эътибор пайдо мекунад. Ин талабот ба мошинҳои боркаш ва дигар воситаҳои нақлиёт дахл дорад ва ҳадафи он пешгирии паҳншавии сироятҳо мебошад.

***

Қиматшавии нархи ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан. Аз 1 январи соли 2025 нархи интиқоли контейнерҳо ва масофаи холӣ, яъне интиқоли вагонҳои холӣ 5 фоиз зиёд мешавад.

Дар Узбекистон

Барои ронандагон дигар доштани рухсатномаи интиқоли бор байни Тоҷикистон ва Узбекистон лозим нест. Аз 21 ноябри соли 2024 қарор ба иҷро даромад, ки тибқи он мошинҳои боркаш акнун метавонанд бе гирифтани ин ҳуҷҷат сарҳадҳои якдигарро убур кунанд. Пас аз тасдиқи созишномаи дуҷониба аз тарафи Парлумони Тоҷикистон ҷониби Узбекистон дар бораи ба итмом расидани расмиёти дохилӣ оид ба бекор кардани рухсатномаҳо тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон огоҳ карда шуд.

Дар Туркманистон

Татбиқи технологияҳои рақамӣ. Дар ҷаласаи васеи Девони Вазирони кишвар моҳи сентябри соли 2024 масъалаҳои рушди нақлиёти байналмилалии автомобилӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуданд. Илова бар ин, соли 2025 низоми баробари ситонидани боҷҳо ва пардохтҳо ҳангоми интиқоли бор бо Узбекистон ҷорӣ карда мешавад. Дар мулоқоти кории роҳбарони идораҳои нақлиётии Туркманистон ва Узбекистон дар моҳи октябри соли 2024 мувофиқа ба даст омад. Инчунин системаи мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии Е-permit ҷорӣ карда мегардад. Ин раванди гирифтани рухсатномаҳоро барои интиқолдиҳандагон хеле осон месозад ва суръат мебахшад.

Дар Озарбойҷон

Соли 2025 Чин ба Озарбойҷон барои интиқоли транзитӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ин ба интиқоли бештари мавод аз минтақаҳои наздик ба Чин тавассути Озарбойҷон мусоидат мекунад. Дар соли 2025 интиқоли бор на танҳо дар самти Шимол-Ҷануб, балки дар самти Ҷануб-Шимол низ ба нақша гирифта шудааст. Аз аввали соли 2024 аз Чин ба Озарбойҷон 280 қатораи контейнерӣ тавассути Долони миёна фиристода шуд. Соли 2025 шумораи қатораҳои ин маҷмаа беш аз се маротиба – то 1 ҳазор зиёд карда мешавад.

Дар Гурҷистон

Аз cоли 2025 қоидаҳои нави интиқоли борҳо тавассути Гурҷистон эътибор пайдо мекунанд. Агентии миллии нақлиёти автомобилӣ (ANTA) муассисаҳои нақлиёти автомобилиро дар бораи талаботи нав барои интиқоли борҳои байналмилалӣ тавассути қаламрави Гурҷистон, ки аз 1 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунанд, огоҳ намуд. Тағйирот бо ҳамроҳшавии кишвар ба Конвенсия дар бораи сода кардани расмиёт дар савдои молҳо ва Конвенсия дар бораи режими ягонаи транзитӣ алоқаманд аст, хабар медиҳад www.newtv.md.

Ташаббус дар ҳамкорӣ бо шарикони стратегӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо (ИА), Исландия, Македонияи Шимолӣ, Норвегия, Сербия, Швейтсария, Туркия, Украина ва Британия амалӣ карда мешавад. Тағйирот ба талабот ба ҳуҷҷатҳои кафолат ва эъломияи транзитӣ дахл дорад. Мувофиқи муқаррароти конвенсияҳо, ҳама борҳое, ки тавассути қаламрави Гурҷистон дар доираи амалиёти нақлиётӣ ба самти Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои шарики гуфташуда ворид ё интиқол дода мешаванд, бояд бо ҳуҷҷатҳои кафолати амалкунанда ва эъломияи транзитӣ таъмин карда шаванд. Ин ҳуҷҷатҳо бояд пеш аз убури сарҳади Гурҷистон пешниҳод гарданд.

***

Аз соли 2024 интиқоли мусофирон ва борҳои байнишаҳрӣ дар Гурҷистон танҳо дар сурати мавҷуд будани рухсатнома имконпазир аст. Аз 1 январи соли 2024 дар Гурҷистон ҷиҳати гирифтани рухсатнома барои интиқоли мусофирон ва борҳо маблағи нав муқаррар карда шудааст. То 1 майи соли 2025 маблағи рухсатнома 100 лариро ташкил медиҳад ва пас аз он то 500 лари (177,9 доллари ИМА) боло меравад. Автобусҳо, инчунин воситаҳои нақлиёти дорои то 8 ҷойи нишаст метавонанд мусофиркашонӣ кунанд. Нархи рухсатнома барои интиқоли байналмилалии автомобилӣ бетағйир боқӣ мемонад ва 500 лариро ташкил медиҳад. Аммо арзиши рухсатномаи интиқоли якдафъаина барои ширкати хориҷӣ 1,5 ҳазор лари (533,8 доллари ИМА) — ро ташкил медиҳад.

Дар Аврупо

Баъзе тағйироте, ки дар низоми ҳамлу нақли байналмилалии Иттиҳоди Аврупо дар соли 2025 ба амал меоянд:

Дар ҳамлу нақли мусофирон. Пешниҳод карда мешавад, ки системаҳои гуногуни фурӯши чиптаҳо ба интерфейси ягона ҳамоҳанг ва ҳама хатсайрҳо ба ҷадвали ягонаи ҳамгирошудаи роҳи оҳан муттаҳид карда шаванд. Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки фосилаи вақти брон кардани чиптаҳо аз 6 моҳ то як сол зиёд карда шавад. Ташаббуси дигар — ин таҳияи хизматрасонии иттилоотии электронӣ барои огоҳ кардани сайёҳон дар бораи сафар ва фароҳам овардани имконоти алтернативӣ барои идомаи сафар мебошад.

Дар ҳамлу нақли баҳрӣ. Аз 1 январи соли 2025 қонуни декарбонизатсияи нақлиёти баҳрӣ, ки аз ҷониби Шурои Иттиҳоди Аврупо тасдиқ шудааст, ба ҳукми амал медарояд. Он коҳиши партовҳои газҳои гулхонаиро дар сӯзишворие, ки дар бахши киштигардӣ истифода мешаванд, дар соли 2025 ба андозаи 2 фоиз ва то соли 2050 ба андозаи 80 фоиз пешбинӣ мекунад. Пешниҳод шудааст, ки низоми ҳавасмандгардонии истифодаи сӯзишвории барқароршаванда ҷорӣ карда шавад ва инчунин ҳама киштиҳои шаҳрвандӣ вазифадор карда шаванд, ки ҳангоми таваққуф дар наздикии бандари бузурги Иттиҳоди Аврупо аз соли 2030 аз таъминоти барқи соҳилӣ истифода баранд. Илова бар ин, тибқи қонуни нав, ҳамаи маблағҳо аз ҷаримаҳо барои вайрон кардани маҳдудияти ҷорӣ бояд ба лоиҳаҳои дастгирии декарбонизатсияи нақлиёти баҳрӣ равона карда шаванд.

Дар нақлиёти автомобилӣ. Уҳдадориҳои нав барои нақлиёти автомобилӣ, ки бо системаи SENT алоқаманданд, аз 1 январи соли 2025 ҷорӣ карда мешаванд.

То ба имрӯз низоми мониторинги SENT танҳо ба маҳсулоти интихобшуда дахл дошт. Аз 1 январи соли 2025 ҳар интиқолдиҳанда аз давлате, ки аъзои Иттиҳоди Аврупо нест ва ҳамлу нақли байналмилалӣ анҷом медиҳад, инчунин интиқолдиҳанда аз давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳангоми амалиёти каботажӣ вазифадор аст, ки аз амалиёти худ огоҳ кунад.

Назорати нави сарҳадӣ. Дар доираи ин тағйирот шаҳрвандони кишварҳои сеюм бояд аз санҷиши автоматии биометрӣ гузаранд ва инчунин як қатор талаботи навро барои вуруд ба Иттиҳоди Аврупо иҷро кунанд. Ғайр аз он бо ҷорӣ намудани ETIAS пардохти иловагӣ муқаррар карда мешавад.

Аз 10 ноябри соли 2024 Иттиҳоди Аврупо ният дошт, ки низоми нави вуруд/ихроҷ (Entry Exit System, EES)-ро барои сода кардани назорати сарҳадӣ ҷорӣ кунад. Аммо оғози система ба таъхир афтод, зеро як қатор кишварҳо, аз ҷумла Олмон, Фаронса ва Финляндия барои омода кардани инфрасохтори зарурии техникӣ фурсат наёфтанд. Бо вуҷуди ин, ин навоварӣ тартиби убури сарҳадро ба таври назаррас тағйир медиҳад ва ба ояндаи назорати раванди муҳоҷират дар Аврупо таъсир мерасонад.

Тағйирот дар бахши тахографҳо ва ҷаримаҳо дар нақлиёти автомобилӣ. Дар Иттиҳоди Аврупо регламенти нави 2024/1258 ба ҳукми амал даромад, ки ба регламенти мавҷудаи Иттиҳоди Аврупо 561/2006 бо мақсади беҳтар кардани риояи қоидаҳои марбут ба тахографҳо, алахусус дар заминаи интиқоли борҳои автомобилӣ ва интиқоли даврии мусофирон ислоҳот ворид мекунад. Ин навгонӣ 22 майи соли 2024 эътибор пайдо кард. Он ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, таъмини рақобати солим дар байни интиқолдиҳандагон, беҳтар кардани шароити кории ронандагон дар саросари Иттиҳоди Аврупо нигаронида шудааст. Дар байни дигаргуниҳои асосӣ иҷрои ҷазоҳои фаромарзӣ низ ҳаст. Аз ин ба баъд, мақомоти ҳар давлати аъзои Иттиҳоди Аврупо метавонанд барои ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба тахографҳо, новобаста аз он ки нақзи қонун дар куҷо содир шудааст, аз ҷумла дар кишварҳои сеюм, ҷарима ситонанд. Пештар ҷаримаҳо танҳо дар кишваре, ки қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шуда буд, ҷорӣ карда мешуданд.

Инчунин тамдиди давраи назорат пешбинӣ шудааст. Аз 1 январи соли 2025 назорати роҳҳо ба ҷои 28 рӯзи қаблӣ 56 рӯзи охирро дар бар мегирад. Ин имкон медиҳад, ки ронанда қоидаҳои истифодаи тахографро бодиққат назорат кунад.

Қоидаҳои нави вуруд ба минтақаи Шенген. Моҳи майи соли 2025 якбора ду низоми нави электронии назорати вуруд ба минтақаи Шенген — EES ВА ETIAS ба кор медароянд. Қоидаҳои нав раванди убури сарҳадро барои шаҳрвандони кишварҳои сеюми берун аз Иттиҳоди Аврупо тағйир медиҳанд. EES (системаи вуруд/ихроҷ) системаи автоматикунонидаи рақамии бақайдгирии маълумоти сайёҳон мебошад, ки сарҳадҳои берунии минтақаи Шенгенро убур менамоянд. Он штампкунии дастии шиносномаҳоро иваз мекунад ва маълумотро дар бораи вуруд, баромадан ва муҳлати будубош сабт мекунад. ETIAS (системаи иттилоотӣ иҷозати сафар) — ин иҷозати пешакии электронӣ мебошад, ки барои вуруди шаҳрвандон аз кишварҳои бераводид ба минтақаи Шенген зарур аст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 5, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон назорати ҳаракати мошинҳои гаронвазн пурзӯр мегардад
Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» фаъол гардонида мешавад
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Чӣ гуна бояд аз он истифода барем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард дар зимистон эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
ҚИМАТТАРИН ГАНҶИНАИ САРЗАМИНИ ПУРГАНҶ
Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар рушди тафаккури техникии насли наврас мақоми хосса дорад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
«Сомон Эйр» модули фармоиши чиптаҳоро ба кор андохт
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои рушди иқтисоди миллӣ мебошад
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид