«Сомон Эйр» модули фармоиши чиптаҳоро ба кор андохт
ДУШАНБЕ, 04.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тарҳи навшудаи сомона ва модули фармоиши чиптаҳоро фаъол намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».
Бо иваз шудани платформа истифода аз сомона хеле осон шуд. Намои сода ва инъикоси нархҳо ба самти дархостӣ аз бартарияти модули нав мебошанд. Дар утоқҳои шахсии истифодабарандагони сомона имкони пуркунии автоматии маълумоти шахсии қайдшуда фароҳам мебошад.
Навгонии дигар замимаи мобилии «Somon Air» мебошад, ки барои боргирӣ дар телефонҳои iOS ва Android дастрас мебошад. Тариқи замимаи нав мусофирон имкон доранд ба осонӣ саёҳати худро ба нақша гирифта, чиптаҳоро бо нархи мувофиқ интихоб намоянд, ҷойи муносибро банд намоянд ва маблағи бағоҷи аз меъёр зиёдро пардохт намоянд. Ҳамзамон тавассути замима мусофирон метавонанд худро онлайн ба қайд бигиранд ва барои харидории чипта ба тамоми оила оид ба ҳамсафарони худ маълумоти иловагӣ ворид намоянд. Дар айни замон пардохти хизматрасониҳо бо кортҳои Visa ва MasterCard имконпазир мебошад ва дар оянда қабули пардохтҳо бо Корти миллӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев, «ба роҳ мондани сомонаи навшудаи ширкат ва замимаи мобилӣ қадами навбатӣ дар роҳи рушди хизматрасониҳои рақамии «Сомон Эйр» мебошад. Тамоми тағйирот бо назардошти хоҳишу дархости мусофирон татбиқ гардидаанд ва мо пайваста бобати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ҷаҳду талош менамоем».
Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






