«Телевизиони Бадахшон» ба формати пахши дақиқияташ баланд- HD гузашт
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 январ Телевизиони Бадахшон ба формати пахши дақиқияташ баланд- HD гузашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода 27 январ дар нишасти матбуотии ин кумита ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» «Телевизиони Бадахшон» аз соли 2025 дар формати HD ба фаъолият оғоз менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизот барои гузариш ба сифати муосир ва стандарти замонавӣ- HD аз ширкатҳои бонуфузи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дастрас карда шуд.
Гузариш ба шакли HD имконият медиҳад, ки минбаъд хабару гузориш ва барномаҳо аз тариқи «Телевизиони Бадахшон» бо сатҳу сифати баланди садою симо ва мутобиқ ба талаботи замон пешкаши тамошобинон шаванд.
Иброз гардид, ки ба Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду танзимгоҳи замонавӣ, ду камераи 4 КА ва таҷҳизоти муосири банду баст ва равшанидиҳанда дастрас гардид.
«Телевизиони Бадахшон» дар таҳия ва пахши барномаҳои гуногунжанр, инчунин пешниҳоди ахбор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ минбаъд роҳу воситаҳои навро истифода намуда, дар тарғиби сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлату Ҳукумат аз имконоти нав мақсаднок истифода менамояд.
АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






