СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Панҷакент коргоҳҳои истеҳсоли шифер ва пойафзол бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) коргоҳи истеҳсоли пойафзол ба истифода дода мешавад. Ин коргоҳ аз ҷониби ҶДММ «Зарафшонсоз» сохта шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 25 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Тибқи нақша, дар ин коргоҳ дар як сол то 60 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол мешавад.
Дар шаҳри Панҷакент бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ диққати махсус дода мешавад.
Ин аст, ки дар деҳаи Суҷинаи шаҳр аз ҷониби соҳибкор Баҳодур Насриддинов коргоҳи истеҳсоли шифер бунёд мегардад. Ҳадаф аз ташкили коргоҳ таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аст, зеро ҳоло талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулоти сохтмонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷониби роҳбарияти вилояти Суғд ба муассисони коргоҳ барои омӯзиши бозор, дар оянда истеҳсол кардани тунука ва бомпӯшҳои замонавӣ тавсияҳо дода шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






