21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Дар Тоҷикистон ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо эҳтиром гузошта мешавад

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси омори Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 8324 забон мавҷуд аст, аммо бисёре аз забонҳо бо сабаби ҷаҳонишавӣ ва тағйироти иҷтимоӣ зери хатари нобудшавӣ қарор доранд. Бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон 21 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ маҳсуб мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор шуда буд, эълон гардид.
Омӯзиши забони модарӣ дар системаҳои таълимӣ нақши калидӣ мебозад, зеро он ба дарки беҳтар, афзоиши ҷалб ва тафаккури интиқодӣ дар байни хонандагон мусоидат менамояд. Таҳсили бисёрзабонӣ, махсусан ба забонҳои ақаллият ва миллатҳои маҳаллӣ на танҳо ба донишҷӯён кумак мерасонад, балки инчунин ба робитаи амиқтари байни маориф ва фарҳанг мусоидат менамояд.
Тавре Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода иброз намуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба ҷумлаи муқаддасоти миллӣ дохил шудааст.
Дар моддаи дуюми Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқияте, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода баранд.
«Имрӯз забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, чун Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, ки тоҷикон аз қадимулайём дар он минтақаҳо зиндагонӣ менамуданд. Аммо дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксарияти сокинони ин мамлакат буда, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ дар даҳ соли оянда таъмин менамояд», — гуфт ӯ.
Дар низоми маорифи мамлакат низ забон ба таври васеъ истифода мешавад. Масалан, китобу маводи дарсӣ бо забони давлатӣ таҳияю нашр ва дарсҳо низ бо забони тоҷикӣ гузаронида мешаванд. Имрӯзҳо забони тоҷикӣ дар низоми технологияи рақамӣ низ истифода мегардад.
«Аз ҷумла, аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал дар давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ шуд, ки он дар шабакаи Интернет ҷой дода шуда, фаъол мебошад», — гуфт Сахидод Раҳматуллозода.
Ба андешаи забоншиносон, забони тоҷикӣ, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад, бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеияшро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад. Фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо ба тариқи Барномаи танзими Mozilla Firefox, ки бо забони тоҷикӣ мебошад, мувофиқ ва осон буда, барои рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек ба шумор меравад.
Дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардани истиқлолро дар назар дошта, менигоранд, ки «дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон сабт шуд ва халқи куҳансоли тоҷик пас аз ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ва адами иштирок дар таъйини сарнавишти хеш дубора ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аз даст дода ва поймолшудаи хешро соҳиб гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо барои тоҷикони Тоҷикистон, балки барои тамоми тоҷикзабонон, махсусан барои ҳама касоне, ки сарфи назар аз макону ҷойи зист худро мансуб ба миллати тоҷик медонанд, дастоварди бузурги сиёсӣ гардид. Бо шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд».
Бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат дар ин давра як идда чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ нисбат ба забон гузаронида шуданд, ки назир надоранд. Дар канори арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ғамхорӣ ба забонҳои модарии дигар қавму миллатҳои муқими Тоҷикистон дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст, ки аз эҳтироми ҳамаи бошандагони сарзамин дарак медиҳад.
«Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқӣ ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модарии онҳо ҳимоя мекунад». Яъне тибқи ин санад ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо дар Тоҷикистон эҳтиром гузошта мешавад.
Ба андешаи Сахидод Раҳматуллозода, забони модарӣ забоне дар назар дошта мешавад, ки аз овони ширхорагӣ онро аз модару падар, бародару хоҳар ва ҳамқавмон шунида, ёд гирифта, ба он такаллум карда мешавад. Мутобиқи консепсияи маъмули сотсиолингвистӣ, забони модарӣ забоне аст, ки онро одам бе омӯзиши махсус аз даврони тифлӣ, дар муҳити забонии махсуси хонаводагӣ меомӯзад ва ин аввалин забонест, ки шахс онро азхуд мекунад. Аммо аз тифлӣ имкони азбар кардани забонҳои дигар ҳам вуҷуд дорад, ки он берун аз муҳити хонаводагӣ (кӯдакистон, мактабҳои махсус ва ғайра) аст ва онҳоро метавон забонҳои дуюм ва сеюм номид. «Меъёрҳое, ки забони модарӣ буданро муайян менамоянд, зиёд нестанд:
- Тартиби азхудкунӣ. Мутобиқи ин меъёр забони модарӣ дар оила аз ҳомилони забон — волидайн ба таври табиӣ бе дарс азхуд карда мешавад.
- Сифати аз худ кардани забон. Чун аз тифлӣ аз наздиктарин шахсон омӯхта мешавад, забони маънавиёти одам шуда, латифтарин маъниҳои забониро бо он метавон баён кард.
- Доираи истифода. Дар байни забонҳое, ки инсон меомӯзад, забони модарӣ серистеъмолтарин ва фаҳмотарин забон маҳсуб мегардад, зеро бо вай аз рӯзҳои аввали ҳаёташ рӯ ба рӯ мешавад.
«Ин аст, ки баъзан одамон аз доираи забони адабии меъёр берун рафта, бо гӯйиши маҳаллӣ суҳбат карданро авлотар медонанд», -изҳори назар намуд раиси кумита.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар Тоҷикистон дар баробари миллати тоҷик миллатҳои узбек, рус, қазоқ, қирғиз, туркман ва дигар халқу миллатҳо умр ба сар мебаранд, ки забони модариашон аз доираи гурӯҳи забонҳои эронӣ берун аст ва забони модариашон узбекӣ, русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғайра мебошад. Дар муҳити бисёрзабонӣ яке аз забонҳои модарӣ метавонад ба ҳайси забони миёнрави байни қавму миллатҳо хизмат кунад, ки натиҷаи он то ба забони муоширати байналқавмию байни миллатҳо ташаккул ёфтани он мегардад. Яъне дар асоси ташаккули меъёрҳои забони модарии ин ё он қавму миллат метавонад забони миллии он кишвар ба вуҷуд омада, ба унвони забони давлатӣ қабул гардад. Ҳамин хусусиятро дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ дорад, зеро вай давоми садсолаҳо ба унвони забони модарии аксарияти мардуми ин сарзамин инкишоф ёфта, ҳамчун забони миллӣ сабзида, меъёрҳои савтӣ, сарфию наҳвӣ ва луғавии он сайқал ёфта, барои таъмини ниёзҳои мардуми сарзамин тамоми имконоти забониро доро мебошад.
«Дар дунё забонҳои модарие мавҷуд ҳастанд, ки таркиби луғавии бой надоранд ва дар давраи ибтидоӣ зиндагӣ мекунанду ниёзҳояшон бо ҳамин калимаҳо бароварда мешаванд, аммо забонҳои модарии дигаре ҳастанд, ки фонди асосии луғавӣ ва таркиби луғавии пуриқтидор доранд ва дорои ҳазорон калимаю ибора, фразеологизмҳо, зарбулмасалу мақол ва таркибҳои гуногун мебошанд. Забонҳои пуриқтидори модарӣ аз доираи хонаю маҳал ва минтақа убур карда, метавонанд сарзамини бузургеро бо ҷамъияти миллионнафарӣ фаро гиранд. Таркиби луғавии ин гуна забонҳо барои баёни истилоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардум, аз қабили истилоҳоти хешутаборӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, боғдорӣ, ҷангал, роҳсозӣ, топонимӣ, антропонимӣ, чорводорӣ, мурғпарварӣ, шикор, ҷашну маросим, шеъру адаб, фолклор, касбу кор (оҳангарӣ, кулолӣ, заргарӣ, мисгарӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва ғ.) имконияти фаровон дорад.
Яке аз ҳамин гуна забонҳо забони модарии мардуми тоҷик аст. Модари тоҷик фарзандашро аз гаҳвора забон меомӯзонад, ки ин тавассути шеъру суруд, афсона ва таронаҳои дилнишинаш ба ӯ муяссар мегардад ва дар онҳо мавзуъҳои гуногунмазмун: ғаму шодӣ, танҳоӣ, ғурбат, ватандорӣ, паҳлавонӣ, ҷасурӣ, накуӣ, садоқат, меҳру муҳаббат, ростию дӯстӣ ва ғайра тараннум мегарданд ва ин забонро, бешубҳа, метавон забони модарӣ ном гузошт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони модарӣ ҳамрадифи забони давлатӣ – забони тоҷикӣ аст ва забони миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад», — иброз намуд Сахидод Раҳматуллозода.
Бояд таъкид намуд, ки забони модарии мо, ки имрӯз ҳамчун забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалат дорад, ҳар яки мо, соҳибзабононро водор менамояд, то бо доштани ғурури миллӣ арҷгузори он бошему онро бо ғановатмандию шуҳраташ ба ворисони ояндаи ин забон ба мерос гузорем.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»