Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои таърихи халқи тоҷик шинос шуд

Октябрь 9, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Радий Хабиров ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик шинос шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  дар ҷараёни баргузории сайри осорхонавӣ меҳмонон бо давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, ёдгориҳои нодири он ва шоҳкориҳои мусаввирони тоҷик аз наздик  шинос гардиданд.

Баъди  тамошои  нигораҳои  нодири Осорхонаи миллӣ Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Радий Хабиров аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик огоҳии комил пайдо намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навишт.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад