Ҳайати парламенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Русия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал вохӯрии раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парламентҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров баргузор гардид, ки дар он ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, иштирокчиёни мулоқот натиҷаҳои асосии ҳамкории бисёрҷонибаро дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳокима намуда, вазифаҳои асосии таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷиро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон бо ин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ иштирок намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






