Ҳамкории Тоҷикистон ва Испания дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбад

Февраль 20, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 20.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Сафири Шоҳигарии Испания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луис Франсиско масъалаи рушди ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ ва мусоидати бахши хусусӣ барои иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳиро, ки дар давлатҳои ҳамдигар баргузор мегарданд, баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо оид ба иқтидори сайёҳии давлатҳо ва зиёд намудани шумораи сайёҳон аз ҳарду ҷониб ибрози назар намуданд.

Зимни вохӯрӣ зарфияти Тоҷикистон бо доштани табиати зебову нотакрор, таъриху фарҳанги пурғановат, хӯрокҳои миллӣ ва урфу одати хосса, ки метавонад сайёҳони аврупоӣ, махсусан испаниро ба худ ҷалб намояд, муаррифӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода 18 феврал бо директори Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд (ACTED) Ян Севере низ вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ тақвият додани ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайритиҷоратии Агентии ҳамкории техникӣ ва рушди Фаронса баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо инчунин вобаста ба беҳтаргардонии инфрасохтор ва таблиғу ташвиқи имконоти сайёҳии Тоҷикистон, ки мавриди ҷалбу диққати сайёҳону ҷаҳонгардон гардидаанд, ибрози андеша намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад