АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН. Дар Душанбе барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва гузашти низомӣ баргузор гардид

Февраль 22, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 22.02.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ворисони Куруши Кабир» ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Нахуст, ҳайати афсарону курсантон дар ҷашнгоҳ бо тартиби низомӣ саф оростанд ва чорабинии идонаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ ёфт.

Роҳбарияти Кумита ва муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иброз намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Артиши миллии мамлакат туфайли ғамхорию дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 32 сол ба сохтори воқеии муқтадири ҳарбӣ табдил ёфт. Хизмат ба Ватан маънои ба ҷой овардани хизмати падару модар ва ҳимоя намудани марзу буми Ватани аҷдодӣ ва тамомияти арзии Ватанро дорад. Дар асл Артишро бе ҷавонон тасаввур кардан мумкин нест. Зеро ҷавонон дар ҷомеа нақши муҳиму арзишманд доранд. Метавон гуфт, ки имрӯз дарки масъулият ва ҳисси ватанпарастии ҷавонони мо хеле боло рафтааст. Ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани ҷавонон аз ин дарак медиҳад. Шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мераванд, сол аз сол меафзояд.

Зимнан, аз ҷониби курсантони Муассисаи ҳарбӣ барномаи ҳарбӣ — ватандӯстӣ намоиш дода шуда, сипас бо иштироки ҳайати афсарону курсантон гузашти низомӣ баргузор гардид.

Дар фазои идона чанд нафар афсарону омӯзгорони муассисаи ҳарбӣ барои хизмати содиқона ба халқу Ватан бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравии Кумита сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид