Арзёбии техникӣ-иқтисодии гармидиҳии устувор барои Тоҷикистон баррасӣ шуд

Февраль 27, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 27.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Арзёбии техникӣ-иқтисодии роҳҳои гармидиҳии устувор барои Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд, ки дар он имконоти рушди низоми устувори гармидиҳӣ дар мамлакат баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа доир ба иқтидори энергетикии мамлакат сухан намуд.

Вазир аз ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар соҳаи энергетика ёдовар шуда, гуфт, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе ду маркази барқу гармидиҳӣ фаъолият дорад. Мақсад аз истифодаи онҳо- бо энергияи гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқи пойтахт ва ба ин васила кам кардани талабот ба неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон мебошад.

Ҳадафи баргузории ҳамоиш баррасии истифодаи самараноки гармӣ дар шаҳри Душанбе, имкони истифодаи механизмҳои бо гармӣ таъмин намудани дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ва ба ин васила паст намудани талабот ба неруи барқ ва аз сарборӣ озод намудани шабакаҳо мебошад.

Дар ҳамоиш имконияти рушди низоми устувори гармидиҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки гармӣ на танҳо барои шаҳри Душанбе, балки барои дигар минтақаҳои мамлакат низ аҳамияти калидӣ дорад.

Иштирокдорони ҳамоиш роҳҳои татбиқи механизмҳои муосири гармидиҳӣ дар шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ, имкони гузариш ба манбаъҳои самаранок ва устувори гармидиҳӣ, ҳамчунин таъсири он ба коҳиши сарбории шабакаҳои барқӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷударо муҳокима намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад