Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба ваъдаҳои дурӯғ дода нашуда, худ ва наздиконатонро аз қаллобони интернетӣ эҳтиёт намоед!»
ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Оё ба шумо афроди ношинос оид ба масъалаҳои молиявӣ ва бонкӣ занг мезананд ё ба телефони шумо аз мессенҷерҳо паёмакҳои шубҳанок меоянд? Пас, ҳушёриро аз даст надиҳед.
Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки вақтҳои охир содир гардидани амалҳои қаллобӣ бо роҳи ташвиқ ва рекламаҳои бардурӯғ дар фазои маҷозӣ (интернет) бо мақсади гирифтани даромади муфт зиёд мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, қаллобони интернетӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Телеграм ва Ватсап хеле фаъол мебошанд. Қаллобон ба шумо занг зада, метавонанд худро корманди ташкилоти тиҷоратӣ муаррифӣ намоянд, дар гирифтани қарз ё дарёфти даромади осон ваъдаи кумак диҳанд, бо баҳонаи ба итмом расидани муҳлати корт ё гӯё вуҷуд доштани кӯшиши тасарруфи пул аз корти бонкиатон рақами корт, калимаи калидӣ, CVV рамзро пурсанд ё ин ки тавассути мессенҷер ба шумо файли шубҳанок ирсол намоянд.
Агар аз шумо маълумоти бонкӣ талаб кунанд ё тасдиқи гузаронидани амалиётро пурсон шаванд, шитоб накунед. Маълумоти бонкии худро махфӣ нигоҳ доред! Фаромӯш накунед, ки бонк ё ташкилоти қарзии молиявӣ маблағҳоро тавассути Фейсбук, Телеграм, Инстаграм ё дигар шабакаҳои маҷозӣ пешниҳод намекунад. Ҳамзамон иттилоъ медиҳем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ шаҳодатнома ё иҷозатнома (литсензия) барои гузаронидани амалиётро намедиҳад.
Дар робита ба ин Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои фирефтаи қаллобон нагардидан ба таблиғоти бардурӯғ (фейкӣ) бовар накунанд, эҳтиёткор бошанд ва аз гузаронидани маблағ ба кортҳое, ки аз ҷониби чунин ашхос пешниҳод мегардад, худдорӣ намоянд.
Ба ваъдаҳои дурӯғ дода нашуда, худ ва наздиконатонро аз қаллобон эҳтиёт намоед!
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда ба Тоҷикистон меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1300 то 11.1582 сомонӣ муқаррар шудааст
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид






