Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳибкорӣ саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз ва дар шуғли аҳолӣ ба 70 фоиз расидааст. Дар ин хусус 23 феврал Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон – аъзои палата дар вилояти Суғд иттилоъ дод.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки дар заминаи сиёсати иқтисодии давлат ва дастгирии пайвастаи бахши хусусӣ фазои мусоиди сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварда шуд. Бахши хусусӣ имрӯз ба яке аз неруҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил ёфта, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойи нави кор нақши муассир мегузорад.
Гуфта шуд, ки соли 2025 дар қаламрави мамлакат 396 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 2422 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 66,7 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 22,1 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳандаҳо далели густариши иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими мавқеи бахши хусусӣ дар иқтисодиёти мамлакат мебошанд.
Баён гардид, ки Палатаи савдо ва саноат ҳамчун яке аз ташкилоти калони муттаҳидкунандаи бахши хусусӣ дар мамлакат барои ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои соҳибкорон тадбир меандешад. Ин ташкилот дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ҳамтоёни хориҷӣ ва шарикони рушд дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ форумҳо ва сафарҳои тиҷоратӣ, намоишгоҳҳо ва даврҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.
Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ омили муҳими таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






