Бозингарони дастаи мунтахаби занонаи футзали Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби футзали занона CAFA-2025, ки аз 9 то 16 феврал идома меёбад, ҳайати дастаи мунтахаби занонаи футзали Эрон барои шиносоӣ бо таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин осорхона иттилоъ доданд.
Зимни сайри осорхонавӣ ҳайати дастаи мунтахаби занонаи футзали Эрон дар толорҳои намоишии шуъбаи табиат, таърихи қадим ва асрҳои миёна ва толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» бо табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон, таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат, ҳунармандӣ ва саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ шинос гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон ва Эрон 16 феврал дар доираи чемпионати СAFA-2025 бозӣ анҷом медиҳанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






