Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи даҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи нуҳуми Шуро баррасӣ шуд.
Инчунин масъулин оид ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ, пешгирии киберхатарҳо дар низоми бонкӣ, коҳиш додани хавфҳои бахши фискалӣ ва вазъи корхонаҳои азими давлатӣ гузориш доданд.
Аъзои шуро бо пешниҳоди рӯнамоҳо оид ба масъалаҳои мубрам- вазъи молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва рушди минбаъдаи фаъолияти он, қисматҳои асосии тавозуни пардохт, аз ҷумла содироту воридот, маблағгузории ҳисоби ҷорӣ ва ҳисоби молиявӣ сухан намуданд.
Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза авҷ гирифтани низоъҳои тиҷоратӣ, пурзӯр гардидани сиёсати муҳоҷират дар бархе аз кишварҳо, номуайянӣ дар бозорҳои молиявию сӯзишворӣ ҷой доранд, ки метавонад ба таъмини суботи молиявӣ таъсир гузорад. Дар ин раванд таъкид шуд, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон, рушди соҳаи иҷтимоӣ, устувор намудани ҳамаи бахшҳои молиявӣ бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ, ташкили буферҳои молиявӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт, зиёд намудани иқтидори иқтисодиёт тавассути диверсификатсияи содирот ва рушди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд.
Бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди фарогиру устувори иқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию молиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳим таъкид шуд.
Инчунин қарорҳои марбута дар самти рушди суғуртаи иҷтимоӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар бахшҳои молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки қурби асъор ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ва ғайра қабул гардиданд.
Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо барои коҳиши онҳо соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1180 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд






