Дар Душанбе ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон ҷонибҳо барои тавсеи ҳамкорӣ дар самти илм изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Қобилҷон Хушвахтзода дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод. Пешниҳод гардид, ки дар оянда рӯйхати як зумра олимони муассисаҳои илмии Арабистони Саудӣ ба Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон манзур шавад, то онҳо ба сафи аъзои хориҷии академия ворид гарданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории муассисаҳои илмиии ду давлат, баргузор намудани конфронсу симпозиумҳо ва мизҳои мудаввари сатҳи байналмилалӣ, таъсиси парки технологӣ дар пояи Академияи миллии илмҳо, ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ тарҷума намудани асарҳои арзишманди шоирону мутафаккирони барҷастаи ду мамлакат ва ғайра баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо дар доираи созишномаҳо барои амалӣ намудани корҳои муҳим ба мувофиқа расиданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз сатҳи муносибатҳо байни ду мамлакат зери сиёсати дӯстонаи роҳбарони олии ду давлат дар сатҳи бисёр хуб қарор дорад.
Дар анҷоми мулоқот Сафир Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон ваъда дод, ки ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи замонавӣ аз ширкати CISCO – NETWORK барои ба тариқи маҷозӣ баргузор намудани конфронсу мулоқот тақдим мегардад. Он рӯзҳои наздик аз ҷониби мутахассисони ширкати CISCO – NETWORK насб карда мешавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






