Дар Душанбе масъалаҳои омодагӣ ба Форуми зиёиён ва эҷодкорони илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ, ҳамраиси Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Михаил Швидкой мулоқот намуд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масъалаҳои танзими Форуми зиёиён ва эҷодкорони илмӣ, ҷаласаи навбатии Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ, Шуро оид ба ҳамкории гуманитарӣ, инчунин маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба лауреатҳои ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” ва ҷоизаи байналмилалии “Иттиҳоди нахустиқдом”, ки баргузории онҳо дар давраи раёсати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соли 2025 дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи чорабиниҳои Тоҷикистон ва Русия дар самти гуманитарӣ табодули афкор доир шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






