Дар Душанбе оид ба нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуд

Февраль 21, 2025 18:45

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳӣ ҳамчун яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ метавонад ба рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намояд. Ин нуктаро директори Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки таҳти унвони «Мавқеъ ва нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди миллӣ: хусусияти илмии омӯзиши фаъолияти сайёҳӣ ва арзёбии таъсири он ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ» дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт.

Ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бо ибтикори  Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимону мутахассисони соҳа ва коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ аз 12 давлати ҷаҳон  иштирок намуданд.

Дар конфронси байналмилалӣ муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Исломбек Зоирзода иброз намуд, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳ мақоми байналмилалӣ пайдо намуда, ҳамкории илмӣ бо муассисаҳои хориҷӣ, бахусус дар бахши омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ тавсеа меёбад.

Дар конфронс масъалаҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сармоягузории лоиҳаҳои сайёҳӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, сайёҳӣ дар доираи макроиқтисодиёт, рақамикунонии хизматрасонии сайёҳӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.

Мувофиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» соҳаи сайёҳӣ метавонад ба афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва тавозуни пардохт таъсири назаррас расонад.

Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат иброз намуд, ки  ҳарчанд шумораи сайёҳон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, даромади миёна аз ҳар сайёҳ 70,7 долларро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда бояд афзоиш ёбад.

Дар идома намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт, ки соли 2025 шаш созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи 2,1 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расида, беш аз 9000 ҷойи кор таъсис хоҳад ёфт.

Олимон ва коршиносони байналмилалӣ аз давлатҳои Русия, Эрон, Олмон ва Сингапур таҷрибаи ҷаҳониро дар соҳаи рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ муаррифӣ намуданд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш гуфта шуд, ки арзёбии илмии рушди сайёҳӣ бояд таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро дар бар гирад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Февраль 21, 2025 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд