Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» насб карда мешавад
ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» насб карда мешаванд, — иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин тадбир бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки моҳи декабри соли 2024 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тартиби истифодаи таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Дар доираи тлаботи иҷрои ин қарор, дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» насб карда мешаванд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳуқуқ доранд тавассути ин таҷҳизот аз назорати сарҳадӣ гузаранд.
Истифода аз таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» ба таври зерин амалӣ мешавад: гузоштани саҳифаи асосии ҳуҷҷати сафар ба дастгоҳи хониши шиноснома ва пайравӣ намудани дастури амали навбатии дар экрани таҷҳизоти техникии «Дарвозаи электронӣ» пайдошаванда, даромадан ба дохили таҷҳизоти техникии «Дарвозаи электронӣ» ва анҷом додани аксгирӣ, ки ба таври худкор фаъол мешавад, баъди анҷоми расмиёт баромадан аз таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ».
Ҳангоми истифода бурдани таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» мусофирон бояд ба аломатҳое, ки дар атроф, дохил ва экрани таҷҳизоти техникӣ нишон дода шудаанд, пайравӣ намоянд. Гуфта мешавад, ки дар як вақт аз як таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» як мусофир истифода мебарад.
Ҳадафи асосии амалӣ намудани таҷҳизоти техникии «Дарвозаҳои электронӣ» дар терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Тоикистон содагардонии гузаштани назорати сарҳадӣ дар толорҳои омад ва рафти терминалҳои фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кам намудани вақти бақайдгирии пешазпарвозӣ ва пасазпарвозии мусофирон ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, пешгирии таҳдидҳои муосир ба амнияти сарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фурудгоҳҳо ва ба таҷрибаи байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани шароити хизматрасонӣ ба мусофирон арзёбӣ мегардад.
Дар айни замон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насби таҷҳизоти «Дарвозаҳои электронӣ» анҷом дода шуда, дар марҳилаҳои оянда дар дигар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ин тадбир амалӣ карда мешавад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






