Дар Ҳисор сохтмони кӯдакистон ва се муассисаи таҳсилоти умумӣ идома дорад
ДУШАНБЕ,02.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҳисор сохтмони як муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 250 кӯдак, дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Мирзо Ризо, Навобод ва дар шаҳраки Шарора се муассисаи таҳсилоти умумӣ идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Зимни шиносоии роҳбарияти шаҳри Ҳисор бо ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор, масъулин иттилоъ доданд, ки биноҳои муассисаҳои мазкурро давоми соли 2025 ва ибтидои соли нави таҳсили 2025-2026 сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маориф ва бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супориш доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синусоли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳ ба номи омузгорону донишмандони варзида гузошта шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд






