Дар Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» баррасӣ шуд

Февраль 26, 2025 13:23

ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар иҷлосия Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома дар бораи таъсиси Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд аз 9 июни соли 2009, Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019, Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ дар шаҳри Душанбе» аз 12 декабри соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар иҷлосия ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 26, 2025 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид