Дар ноҳияи Муъминобод 4 ҳазору 92 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳияи Муъминобод дар 15 ҳазору 21 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуд. Инчунин дар ноҳия 3064 гектар боғ ва 590 гектар токзор мавҷуд аст, ки аз он 14 ҳазору 152 тонна мева ва 4 ҳазору 92 тонна ангур ҷамъоварӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки аз майдони киштшуда 10 ҳазору 919 гектарро ғалладонагӣ, 933 гектарро зироати техникӣ, 987 гектарро картошка, 713 гектарро сабзавот, 193 гектарро полезиҳо ва беш аз 1 ҳазор гектарро кишти зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Муъминобод соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 1 миллиону 215 ҳазору 200 сомонӣ расонида шуд, ки 108 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд






