Дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии урологӣ бе буриш гузаронида мешавад

Февраль 24, 2025 16:10

 ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии урологӣ ба таври лапораскопӣ, яъне бе буриши калон гузаронида мешавад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мутахассисони Тоҷикистон ва Узбекистон амалиёти ҷарроҳии урологӣ, гирифтани адиномаи простата, ҷарроҳии биолопластика ва гирифтани кистаҳоро ба таври лапораскопӣ, яъне бе буриши калон гузарониданд.

Ба таъкиди мутахассисони соҳа, табобати ин гуна беморон, ки қаблан ба тариқи кушода ҷарроҳӣ мешуданд, дар баробари осеби бештар расонидан ба ҷисми бемор инчунин давомнокии табобати онҳоро низ дароз менамуд.

Усули нави ҷарроҳии лапораскопӣ ба чунин беморон имконият медиҳад, ки ҳарчи зудтар шифо ёфта, пас аз 2-3 рӯзи ҷарроҳӣ ба хона рухсат дода шаванд.

Ёдовар мешавем, ки  соли 2024 бо дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир имкон пайдо шуд, ки дар самти ташхису табобат дар мамлакат 94 навоварӣ ворид гардад. Ин шумора нисбат ба соли 2023  20 адад зиёд мебошад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 24, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид