Дар Тоҷикистон намоиши ҷашнии мусаввараҳо оид ба таъриху фарҳанги Арабистони Саудӣ ифтитоҳ ёфт

Февраль 24, 2025 15:07

ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи таъсиси Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ намоиши ҷашнии аксу мусаввараҳо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Зимни ифтитоҳи намоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдураҳмон ар- Рушайдон иброз намуд, ки аз соли 1727 инҷониб ҳамасола 22 феврал мардуми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъсиси мамлакатро бо номи «Рӯзи таъсис» таҷлил менамоянд. Сафир доир ба дастовардҳои Арабистони Саудӣ ибрози назар намуда, афзуд, ки аз санаи таъсис мамлакати Арабистони Саудӣ ба комёбию пешрафтҳои чашмрас дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ муваффақ гардидааст.

Дар намоиши ҷашнӣ аксу мусаввараҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки таҷассумгари таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллии мардуми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошанд.

Меҳмонон бо тамошои намоиши ҷашнии аксу мусаввараҳо бо таърихи қадим ва муосири Арабистони Саудӣ аз наздик шинос шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 24, 2025 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад