Дар Тоҷикистон талафоти неруи барқ коҳиш ёфтааст

Февраль 12, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармдиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» дар маҷмуъ 73,7 миллион кВт-соат ё   0,42 фоизи барқи истеҳсолшударо ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 мутаносибан 1,1 миллион кВт-соат ё ба андозаи 0,03 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар ин хусус раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти неруи барқ соли 2024 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» аз дигар истеҳсолкунандагони мустақили дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 4 миллиарду 947,7 миллион кВт-соат неруи барқ харидааст. Ҳаҷми хариди неруи барқ нисбат ба соли 2023   207,0 миллион кВт-соат кам мебошад. Хариди неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва Неругоҳи барқии обии «Роғун» мебошад.

Маҳмадумар Асозода иброз намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти иншооти истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи шарикони рушд дар айни замон якчанд лоиҳа дар соҳаи электроэнергетика татбиқ мегардад. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», ки 2 июни соли 2017 оғоз гардида, анҷоми он 31 декабри соли 2026 пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», ки 25 июли соли 2014 оғоз гардида, анҷоми он баъд аз тамдид 31 декабри соли 2026 пешбинӣ шудааст. Инчунин лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд бо иқтидори 240 МВт», ки 23 декабри соли 2013 оғоз гардида, 31 декабри соли 2024 ба анҷом расонида шуд.

Соли 2024 дар неругоҳҳо ва марказҳои истеҳсоли барқу гармии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 17 миллиарду 420,5 миллион кВт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023      941,5 миллион кВт-соат зиёд мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад