Дар Тоҷикистон талафоти неруи барқ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармдиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» дар маҷмуъ 73,7 миллион кВт-соат ё 0,42 фоизи барқи истеҳсолшударо ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 мутаносибан 1,1 миллион кВт-соат ё ба андозаи 0,03 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар ин хусус раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти неруи барқ соли 2024 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» аз дигар истеҳсолкунандагони мустақили дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 4 миллиарду 947,7 миллион кВт-соат неруи барқ харидааст. Ҳаҷми хариди неруи барқ нисбат ба соли 2023 207,0 миллион кВт-соат кам мебошад. Хариди неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва Неругоҳи барқии обии «Роғун» мебошад.
Маҳмадумар Асозода иброз намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти иншооти истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи шарикони рушд дар айни замон якчанд лоиҳа дар соҳаи электроэнергетика татбиқ мегардад. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», ки 2 июни соли 2017 оғоз гардида, анҷоми он 31 декабри соли 2026 пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», ки 25 июли соли 2014 оғоз гардида, анҷоми он баъд аз тамдид 31 декабри соли 2026 пешбинӣ шудааст. Инчунин лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд бо иқтидори 240 МВт», ки 23 декабри соли 2013 оғоз гардида, 31 декабри соли 2024 ба анҷом расонида шуд.
Соли 2024 дар неругоҳҳо ва марказҳои истеҳсоли барқу гармии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 17 миллиарду 420,5 миллион кВт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 941,5 миллион кВт-соат зиёд мебошад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






