Доир ба иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ҷаласа доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, иҷрои саривақтии барнома, дастрасӣ ба таҳсили босифат ва боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ Ҷамшед Маҷидзода оид ба ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» гузориш дода, гуфт, ки барнома дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таҳия гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 соҳаи маорифро ҳамчун самти калидии таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини рушди устувори ҷумҳурӣ унвон намуда, иброз доштанд, ки «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба муассисаҳои томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад».
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд






