Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 75 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дорад

Февраль 16, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 16.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи соҳавӣ дар самти саноати геология, металлургияю энергетика ва иқтисодиёти саноатӣ буда, дар он донишҷӯён аз рӯи 29 ихтисос таҳсил менамоянд. 70 фоизи омӯзгорони донишкада собиқаи корӣ дар истеҳсолот доранд, ки ин ба раванди таълим мусоидат менамояд»,-иброз дошт ректори ин донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо донишкада бо зиёда аз 75 корхонаи соҳаи саноат шартномаю созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Соли 2024 омӯзгорони донишкада 3 патент гирифтанд.

Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (2020-2040) ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) 6 конференсия, аз ҷумла 2 конференсияи байналмилалӣ ва 40 машварату вебинар гузаронида шуд.

Дар назди кафедраҳо 18 маҳфили илмӣ-амалии доимамалкунандаи донишҷӯён фаъолият мекунад, ки аз натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ донишҷӯён ҳисобот ва гузориш пешниҳод мекунанд.

Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки донишкада бо 61 муассисаи илмӣ ва таълимии мамлакатҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Февраль 16, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд