ФУТБОЛ. Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати CAFA-2025 иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 28.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқа 2-юм дар соли 2025 таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – чемпионати CAFA-2025 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола аз 4 то 8 март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин мусобиқа дастаҳои духтаронаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад, яъне ҳар даста се бозӣ анҷом медиҳад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешаванд.
Ғолиби мусобиқа дастаи мунтахабе хоҳад шуд, ки аз ҳама бештар хол ба даст орад.
Барои духтаронаи футболбози тоҷик иштирок дар мусобиқаи CAFA марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба ҳисоб меравад, ки аз 9 то 17 октябр баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






