Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад

Февраль 23, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 23.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм,  рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0-5 дараҷа хунук то 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа гарм ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 23, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Ҳисор аксияҳо гузаронида шуданд
Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав 272 ҷойи кор пешниҳод карда шуд
Доир ба мавзуи навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Лукас Эринсон аз Канада: «Дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намудам»
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Академияи таърихи Чин робитаҳои илмӣ ва фарҳангиро густариш медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ҳасани Чупонӣ: «Президенти Тоҷикистон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷамъ оварад»
Мавзеъҳои зебои Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии «Чин-Осиёи Марказӣ» муаррифӣ карда мешаванд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баррасӣ шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 май, шанбе, 151-умин рӯзи соли 2025 аст