ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Вобаста ба он дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрӣ доир шуд

Февраль 7, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода доир ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Иброз гардид, ки вохӯрии имрӯза дар доираи нақшаи корҳои тарғиботию иттилоотӣ дар вазорату идораҳо оид ба интихоботи Маҷлиси Олӣ баргузор мешавад.

Муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ оид ба омодагӣ ба интихоботи вакилони халқ ва асосҳои қонунгузории мамлакат дар бораи интихобот иттилоъ дода, байни кормандон саволу ҷавоб доир шуд.

Кормандони вазорат даъват шуданд, ки бо иштироки фаъолонаи худ барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоранд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 7, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад