«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Сокинони ноҳияи Спитамен аз ташхису муоинаи ройгони тиббӣ гузаштанд

Февраль 25, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Корвони саломатӣ» 384 нафар сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз ташхису муоинаи ройгони тиббӣ гузаштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар доираи ин чорабинӣ сокинони ноҳия аз ҷониби табибони ботаҷриба, аз ҷумла асабшинос, дилшинос, терапевт, гинеколог, амрози ғадудҳои дарунӣ, гурдаю роҳҳои пешоброн, хун, гастроэнтеролог, неонатолог, ҷарроҳ, осебшиноси кӯдакона, амрози чашм, нутқшинос ва стоматолог ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд.

«Корвони саломатӣ» ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба кӯдакон ва расонидани ёрии амалию методӣ ба муассисаҳои тиббии ноҳияи Спитамен равона гардид. Инчунин аз ҷониби мутахассисони соҳа бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳо гузаронида ва барои табобати бемориҳои гуногун тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Ёдовар мешавем, ки «Корвони саломатӣ» дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ гузаронида мешавад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 25, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд