Мақомоти гумруки Тоҷикистон 6 ҳазору 490 қуттӣ маҳсулоти тамокуи ба таври қочоқ воридшударо ошкор намуд

Февраль 20, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор гардидани 6 ҳазору 490 қуттӣ тамокуи навъҳои «Winston», «Parliament», «Тегеа», «Sobranie», «Marlboro» ва «Heets», ки ба таври қочоқ ба мамлакат ворид шудаанд, иттилоъ медиҳад.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз дохили воситаи нақлиёти тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter» маҳсулоти тамокуи навъҳои «Winston»- 1990 қуттӣ, «Parliament»- 500 қуттӣ, «Тегеа»- 400 қуттӣ, «Sobranie»- 100 қуттӣ, «Marlboro»- 500 қуттӣ ва «Heets»- 3000 қуттӣ дарёфт ва мусодира гардид.

Мақсади ворид кардани ин миқдор тамоку, ки бе тамғаҳои аксизӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи қочоқ ворид шудааст, ошкор гардид. Зимни гузаронидани санҷиш муайян шуд, ки маҳсулоти тамокуи бо роҳи қочоқ воридшуда ба шаҳрванди Тоҷикистон Х.С. тааллуқ дошта, номбурда барои ба даст овардани фоида ният доштааст, ки ин миқдор маҳсулоти тамокуро дар ҳудуди пойтахт ба фурӯш барорад.

Мувофиқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нархи як қуттӣ маҳсулоти тамокуи навъи «Winston» ва «Heets» мутаносибан 23 сомонӣ, «Тегеа» 17 сомонӣ, «Parliament» 16 сомонӣ ва «Marlboro» 15 сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, арзиши умумии маҳсулоти тамокуи мусодирашуда 137 ҳазору 70 сомониро ташкил дод.

Бинобар ҷой доштани аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдори шаҳрванд Х.С ва дигарон, ки дар моддаи 259¹ қисми 2 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид